Гузориши амалкарди мураббиёни футболи Тоҷикистон
(last modified Thu, 02 Apr 2020 08:36:41 GMT )
Апрел 02, 2020 13:36 Asia/Dushanbe
  • Гузориши амалкарди мураббиёни футболи Тоҷикистон

Мураббиёни тими Тоҷикистон барои аввалин бор дар ҷаласае аз иқдомоти худ гузориш доданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, якуми апрел мизбони нахустин ҷаласаи шурои мураббиёни кишвар буд.

Дар ин ҷаласа мавзӯҳои марбут ба омодасозии тимҳои миллӣ барои ширкат дар мусобиқот баррасӣ шуд.

Дар ин ҷаласа Давлатманд Исломов дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, Солеҳиддин Ғафуров мудири фаннӣ ва ҳамчунин сармураббиёни тимҳои миллии Тоҷикистон дар синни мухталиф ҳузур доштанд.

Дар ин ҷаласа шурои мураббиён радаҳои мухталифи тимҳои футбол гузорише аз иқдомоти худро ироа карданд.