Боздошти як гурӯҳи қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 02 Apr 2020 14:55:54 GMT )
Апрел 02, 2020 19:55 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як гурӯҳи қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон

Аъзои гурӯҳи қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон муталошӣ шуданд.

Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти 7 узви як гуруҳи муташаккили нашъаҷаллобон хабар медиҳад, ки аз онҳо ба миқдори 70 кило маводи мухадддир мусодира карда шуд.

Би навиштаи сомонаи Спутник, ба иттилои Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ дар ҳайати 7 нафар, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар дохил ва хориҷи кившар машғул будаанд, муайян ва дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ба миқдори умумии 70 кг 283 грамм воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфт ва мусодира гардид.

"Дастгиршудагон чун занҷира ва ҳалқаҳои ҷиноятӣ бо ҳамдигар пайваст ва робита дошта, воситаҳои нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби кишвари ҳамсоя, яъне Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, гурӯҳи муташаккил таҳти роҳбарии Қурбонов Муқими 54 - сола, сокини шаҳри Норак, ҷ/д Пули Сангин, деҳаи Кибил, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои "Муқимча" ва "Бачаи кампир" маъруф аст, фаъолияти ҷиноятӣ менамуданд. Номбурда қаблан ду маротиба бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Русия маҳбасӣ шудааст.

РВУД мегӯяд, феълан нисбати ҳамаи ин 7-нафар дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 200 қисми 4-и Қодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

 

 

Барчасп