Хисорати 127 ҳазор долларии вуқӯи сел дар Хатлон
(last modified Thu, 02 Apr 2020 15:13:19 GMT )
Апрел 02, 2020 20:13 Asia/Dushanbe
  • Хисорати 127 ҳазор долларии вуқӯи сел дар Хатлон

Хисорати вуқӯи сел дар минтақаи Хатлон ҳудуди 127 ҳазор доллар тахмин зада шуд.

Ба гузориши Спутник ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бориши боронҳои шадид ,вуқӯи сел ва обгирифтагӣ ба сокинони ҷамоати ба номи С.Айнӣ, деҳаҳои Ҳалқаҷар ва Пахтакори ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҳудуди 127 ҳазор доллар хисорат зад.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, токунун коршиносони ин кумита зерзаминҳои 40 хонаро аз гил ва об пок карданд.

Ӯ афзуд, ҳамчунин таҷҳизоти вижа ҳудуди 560 метр шабакаи заҳбуриро пок карда шуд ва талоши имдодрасонии сокинон дар ҳоли иҷро аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи минтақа эълом кард, дар натиҷаи вуқӯи сел, 2 сохтумони маскунӣ,ҳудуди 6 километр роҳи рустоӣ, беш аз 7 километр канали обёрӣ ба таври ҷузъӣ тахриб шуд ва 700 нафар аз сокинон хисорат дидаи минтақаи Хуросон низ аз манозили худ ба макони дигар мунтақил шуданд.

 

 

Барчасп