Апрел 02, 2020 20:14 Asia/Dushanbe
  • Рафъи камбуди маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон 

Камбуди маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон рафъ шуд.

Ба гузориши Спутник,мева ва сабзиҷот,маводи ғизоӣ монанди гушт, равған ва равғани офтобгардон ба андозаи кофӣ дар анборҳо захира шудааст.

Масъулони пойтахт ба сокинон итминон доданд, ки дигар камбуди маҳсулот дар фурӯшгоҳҳо ва бозорҳо вуҷуд нахоҳад дошт.

Дар баёнияи Кумитаи гумруки Тоҷикистон омадааст: “мушаххас аст, ки аз 30 март вуруд, хурӯҷ ва ҳамчунин тараддуд ба кишварҳои ҳамсоя фақат барои худравҳои дорои муҷаввизи вижа муҷоз аст, аммо ин ба-дон маъно нест, ки маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба дохили шаҳр ворид намешванд”. Мудирияти шаҳрӣ ҳамчунин иттило дод, ки маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзии кофӣ дар анбор вуҷуд дорад ва арзаи маҳсулот ба бозорҳо ва мағозаҳо ба таври муназзам тавзеъ мешавад.