Апрел 02, 2020 21:05 Asia/Dushanbe
  • Кушоиши мӯзеи таърихи низомӣ дар Суғд

Мӯзе таърихи низомӣ дар Суғд кушоиш ёфт.

Ба гузориши Спутник, ин мӯзе ба муносибати фаро расидани 75-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ дар минтақаи Суғд доир шудааст.

Ин мӯзе бо талоши консулгарии федератсияи Русия дар Хуҷанд, маркази улум ва фарҳанги Русия, маҷаллаи "Дӯстӣ", “Анҷумани дӯстӣ” ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар минтақаи Суғд, ва ҳамчунин бошгоҳи расонаи Суғдиён ва бунёди"мутолиот Евразия" доир шуд.

Андрей Варламов, сарконсули федератсия Русия дар Хуҷанд, Иван Иванов, раиси маркази улум ва фарҳанги Русия, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, Ҷобир Ҳамидов, намояндаи “Анҷумани дӯстӣ” ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар минтақаи Суғд,шахсиятҳои фарҳангӣ ва илмӣ дар маросими кушоиши ин мӯзе ҳузур доштанд. Мӯзеи таърихи низомии Суғд ба ифтихори мадрасаи низомии мутавасситаи шумораи 3 ба номи шоири тоҷик Маҳастӣ Хуҷандӣ, номгузорӣ шудааст. Дар ин мӯзе либоси низомӣ, номаҳо, медалҳо, аксҳо, асноди аслии қаҳрамонон, қатаоти силоҳҳои низомӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Дар ин мӯзе ҳамчунин аксҳое аз ташкили аввалин типи низомиёни тоҷик, ки дар соли 1942 дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум ширкат карданд, намоиш дода шудааст.