Апрел 03, 2020 21:02 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди москҳои пизишкӣ дар ширкатҳои Хуҷанд

Тавлиди москҳои пизишкӣ дар ширкатҳои Хуҷанд оғоз шудааст.

Ба гузориши “Спутник” ва хадамоти матбуотии минтақа,бо таваҷҷуҳ ба шуюъи бемории круно ва барои итминон аз эминии беҳдоштӣ, тавлиди москҳои пизишкӣ дар ширкатҳои “Нассоҷӣ” ва “Ҷавонӣ”-и Хуҷанд оғоз шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз ширкатҳои “Нассоҷӣ” ва “Ҷавонӣ”-и Хуҷанд боздид кард.

Ширкатт “Нассоҷӣ” –и Хуҷанд бо истифода аз порчаҳои нахи бокайфият дар ҳоли ҳозир ду навъ моски пизишкӣ бо истифода аз газ ва пашми пахта тавлид мекунад.

Ин ширкат метавонад дар моҳ чандин миллион моски пизишкӣ тавлид кунад.

Раиси вилояти Суғд ҳамчунин ба мудири ширкат дастур дод то тавлиди ин навъ маҳсулро ба 10 миллион моск афзоиш диҳад то дар мавоқеи зарурӣ аз инҳо истифода шавад.