Апрел 03, 2020 21:05 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти хабарии мураббиёни тими “Истиқлол”-и Душанбе ва тими Хуҷанд

Нишасти хабарии мураббиёни тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва Хуҷанд имрӯз баргузор шуд.

Ба гузориши “Авесто”, ин нишаст дар салони конфронси Федератсияи Футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Тими истиқлоли Тоҷикистон дар ин бозӣ бо либоси сурх ва тими Хуҷанд бо либоси кабудранг бозӣ мекунад.

Дар сурате, ки мусобиқа дар 90 дақиқа бо тасовӣ ба поён бирасад, ду нимаи изофии 15 дақиқа таъйин мешавад ва дар сурате ки дар ин муддат ҳам голе радду бадал нашуд, заработи пеналти барандаро мушаххас мекунад.

Мусобиқа фардо, чаҳоруми апрел, соати 17 дар варзишгоҳи марказии Душанбе, бидуни ҳузури тамошогар баргузор мешавад.