Апрел 04, 2020 12:37 Asia/Dushanbe
  • Полковники  фирори Ҳалимов ; ҳамчунон таҳти пайгарди Вазорати дохилаи Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълон кард ; Гулмурод Ҳалимов палковники фирорӣ ва фармондеҳи пешини неруҳои вижаи ин ниҳод ҳамчунон таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати корҳои  дохилаи Тоҷикистон ,ҷустуҷуи Гулмурод Ҳалимов бо вуҷуди интишори ахбори зид ва нақиз аз кушта шудани вай дар Сурия ва Ироқ ҳамчунон идома дорад.

Полковник  Ҳалимови 46 сола фармондеҳи пешини неруи вижаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон, охирҳои моҳи апрели соли 2015 нопадид шуд ва охирҳои моҳи майи ҳамон сол бо интишори як паёми видиоӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Ютуб, аз пайвастани худ ба гуруҳи терорристии ДИИШ хабар дод.Баъдан эълон шуд,ки ин палковники  фирори ба яке аз фармондеҳони аршади гуруҳи терорристии ДИИШ хабар дод. Баъдан эълон шуд,ки ин палковники  фирори ба яке аз фармондеҳони аршади гуруҳи терорристии ДИИШ табдил шудааст.

Вай дар Тоҷикистон ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, узвият дар гуруҳи терорристӣ ва нақзи савганди вафодори афсарӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад.

Ахиран генерал Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт,ки аз тариқи расонаҳои хабарӣ борҳо хабарҳое дар бораи кушта шудани Ҳалимов мунташиршудааст вале то замоне,ки ҷасади Ӯро ба чашми хеш набинад, марги Ҳалимовро бовар нахоҳад кард.

Вай ҳамчунин таъкид кард,ки аз сарнавишти сарвон Ҳумайро  Мирова корманди собиқи хадамоти гумрук ва ҳамсари Гулмурод Ҳалимов,ки ба назди шавҳараш рафта буд, иттилое дар даст нест.