Апрел 04, 2020 12:48 Asia/Dushanbe
  • Корофаринии тоҷикистонии сокини Маскав, мизбони коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия

Корофарини тоҷик,ки дар Русия кор мекунад мизбони теъдоде аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Маскав шуд.

Меҳриддинов гуфт: инҳо метавонанд то замоне, ки лозим бошад дар манзили у бимонанд.

Ба гуфтаи ин корофарини тоҷик, ҳамватанонаш ҳар соат аз фурудгоҳи Домодедово бо у тамос мегирифтанд ва тақозои кумак доштанд.

Меҳриддинов афзуд: "Вақте онҳо ба ман занг заданд, ба фурудгоҳи Домодедовои Маскав рафтам ва аз маъмурони пулис хостам иҷозат диҳанд то коргаронро ба дохили сохтмон баргардонам, зеро дар он замон дар беруни фурудгоҳ ҳаво бисёр сард буд, аммо онҳо дархости маро напазируфтанд.

У афзуд: замони муносибе набуд, аз Сафорати Тоҷикистон ва мудирияти фурудгоҳ ҳеҷ кас дар онҷо набуд, бинобарин тасмим гирифтам онҳоро ба хонаи худ бибарам.

Хонаи Меҳриддинов дар минтақаи  Колугаи шаҳри Москва қарор дораду фосила он то Москва ба андозаи масофати Душанбе то Кӯлоб аст. 
 
Меҳриддинов ҳамватанони худро бо ду автобус ба хонаи худ бурд , ҷое, ки ҳанӯз сокин ҳастанд. 
 
 Вай гуфт: ман дар Русия хона месозам ва ҳамватанони ман то замоне, ки мушкилашон ҳал нашудааст, метавонанд дар инҷо бмонанд, ва ба онҳо шуғл ҳам медиҳам.