Апрел 04, 2020 15:03 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши рушди иқтисодии Тоҷикистон ба сабаби шуюъи вируси корона

Намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон аз коҳиши рушди иқтисоди ин кишвар ба далели шуюъи корона дар минтақа ва ҷаҳон хабар дод.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷикТа, Прадип Сривастава гуфт: бар асоси баровардҳои Бонки рушди Осиё рушди иқтисоди Тоҷикистон имсол панҷуним дар сад хоҳад буд, ки пешбинӣ мешавад ин мизон дар соли 2021 ҳудуди ним дар сад коҳиш ёбад. 

Вай гуфтааст,ки таъсири шуюъи коронавирус дар кишварҳои Осиёи марказӣ, ҷаҳон ва иқтисоди Тоҷикистон муҷиби ихтилол дар тиҷорат, коҳиши сармоягузории хориҷӣ, поён омадани арзиши сомонӣ - воҳиди пули миллӣ, афзоиши ҳазинаҳои беҳдошт ва дармон, маҳдуд шудани сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия ва коҳиши вуруди гардишгарон шудааст.

Аз дидгоҳи вай мизони таваррум дар Тоҷикистон, ки дар соли 2019 ҳудуди 8 дар сад буд, дар соли 2020 ба камтар аз 10 дар сад хоҳад расид.