Апрел 05, 2020 08:55 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон

Намояндагони Ҳизби Халқии Демократ дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фраксияи ҲХДТ-ро таъсис карданд.

Ба нақл аз Ховар, Ҳизби Халқии Демократ, дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти мутлақи 63 курсии намояндагиро бар уҳда дорад дар нишасте Бахтовар Сафарзодаро ба унвони  раиси фраксияи  худ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кард.

Инчунин Гулбаҳор Назирӣ, Хайриддин Усмонзода  ва Саодатшо Матробиён ба вазифаҳои муовини аввал, муовин ва котиби фраксия интихоб карда шуданд.

Абдуҷаббор Азизӣ- муовини аввали раиси ин ҳизб ҳадаф аз таъсиси фраксияи ҲХДТ дар  Маҷлиси Олиро эҷоди заминае барои фаолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб унвон кардааст.

Раёсати Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон бар уҳдаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар аст.

 

Барчасп