Парвандаи Далер Шарифов ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ирсол шуд
(last modified Sun, 05 Apr 2020 05:46:23 GMT )
Апрел 05, 2020 10:46 Asia/Dushanbe
  • Парвандаи Далер Шарифов  ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ирсол шуд

Вакилони мудофеи Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик аз ирсоли парвандаи вай ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои оғози муҳокима хабар доданд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, ин парванда пас аз баррасии Додситонии кулли Тоҷикистон барои муҳокима ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол шудааст ва ба зудӣ муҳокимаи ин рӯзноманигор оғоз хоҳад шуд.

Дафтар матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон пеш аз ин эълом карда буд, ки Далер Шарифови 32 сола дар солҳои 2013 то 2019 ҳудуди 113 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.

Бар асоси ин баёния дар соли 2019 Далер Шарифов ба таври ғайриқонунӣ ва махфиёна рисолае ба шуморагони 100 нусхаро бар асоси ақидаҳои гурӯҳи мамнуаи Ихвонулмуслимин тадвин кард.

Ҳамчунин 8 созмони байналмиллалии мудофеи ҳуқуқи башарӣ бо маҳкум кардани боздошти Далер Шарифов хостори озодии вай шудаанд.

Вай солҳои қабл корманди расмии шабакаи телевизиони давлатии Сафина буд. Ӯ дар солҳои ахир ба тиҷорат машғул ва бо навиштани мақолоти интиқодӣ аз сиёсатҳои давлати Тоҷикистон дар маҳфилҳои рӯзноманигорӣ машҳур шуда буд.  

Вай бештари матолиби худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мекард.