Афзоиши 9 дарсадии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52407-Афзоиши_9_дарсадии_маҳсулоти_кишоварзӣ_дар_Тоҷикистон
Тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 9 дарсад афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 06, 2020 09:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 9 дарсадии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз яке аз сайтҳои Осиёи Миёна, Ожонси омори Тоҷикистон эълом кард: Арзиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ду моҳи соли 2020 бештар аз 90 миллион доллар шудааст.

Бар асоси Ожонси омори Тоҷикистон, мизони тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта, 9 дарсад бештар будааст. Ҳамчунин мизони тавлиди маҳсулоти зироӣ 36 дарсад ва домдорӣ 9 дарсад афзоиш доштааст.

Вусъати заминҳои зироӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 63 ҳазор гектар аст.

Ғаллот, ҳубубот ва картошка аз ҷумлаи маҳсулоти зироии кишоварзон дар Тоҷикистон аст.