Афзоиши 9 дарсадии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон
Апрел 06, 2020 09:26 Asia/Dushanbe
Тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 9 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба нақл аз яке аз сайтҳои Осиёи Миёна, Ожонси омори Тоҷикистон эълом кард: Арзиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ду моҳи соли 2020 бештар аз 90 миллион доллар шудааст.
Бар асоси Ожонси омори Тоҷикистон, мизони тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта, 9 дарсад бештар будааст. Ҳамчунин мизони тавлиди маҳсулоти зироӣ 36 дарсад ва домдорӣ 9 дарсад афзоиш доштааст.
Вусъати заминҳои зироӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 63 ҳазор гектар аст.
Ғаллот, ҳубубот ва картошка аз ҷумлаи маҳсулоти зироии кишоварзон дар Тоҷикистон аст.