Шукурҷон Зуҳуров маросими савгандёдкунии вакилонро оғоз кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i5242-Шукурҷон_Зуҳуров_маросими_савгандёдкунии_вакилонро_оғоз_кард
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 3-юми октябр дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон нахустин шуда, маъракаи савгандёдкунии вакилонро оғоз бахшид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 03, 2016 07:47 Asia/Dushanbe
  • Шукурҷон Зуҳуров маросими савгандёдкунии вакилонро оғоз кард

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 3-юми октябр дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон нахустин шуда, маъракаи савгандёдкунии вакилонро оғоз бахшид.

Ба иттилои "Озодагон", дар пайи Зуҳуров, муовинони ӯ ба номи халқ қасам хурданд: "Ҳамчун вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститусия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми нерӯ, дониш ва тарҷибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок намоям".

Феълан маъракаи савгандёдкунии вакилон идома дошта, ҷаласа бо ҳузури 62 вакил ҷараён дорад ва як нафар бо сабаби беморӣ иштирок надорад.

Савгандёдкунии вакилону вазирон аз бандҳои тағйирот ба Сарқонун мебошад, ки моҳи майи соли равон тариқи раъйпурсӣ қабул гардиданд.