Апрел 06, 2020 14:52 Asia/Dushanbe
  • Тадвини барномаи вижа барои коҳиши таъсироти шуюи бемории корона дар иқтисоди Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон барномаи вижаеро барои коҳиши таъсири шуюи бемории корона дар иқтисоди кишвар тадвин кард.

Ба нақл аз яке аз сайтҳои хабарии Осиёи Миёна, мақомоти кишвар эълом карданд: Тибқи ин барнома , ба тоҷирон  муофияти молиётӣ (андоз) дода мешавад ва контроли сахтгиронае бо ҳадафи контроли қиматҳо ва пешгирӣ аз эҳтикор иҷро мешавад.  

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар Тоҷикистон ҳеҷ мавриде аз бемории корона эълом нашуда, аммо коршиносон муътақид ҳастанд, ки иқтисоди ин кишвар бо таҳдидҳои ҷиддӣ ба хотири шуюи ин беморӣ  дар ҷаҳон рӯбарӯ аст.  

Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон гузориш дод, ки тарҳи муқобила бо буҳронро бо назорати Қоҳир Расулзода- нахуствазири кишвар таҳия кардааст ва пас аз тасвиб иҷроӣ мешавад.  

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон, тавзеъ ба андозаи колоҳои зарурии мардум монанди орд, равған, гӯшт, шакар, тухми мурғ ва сабзавот дар бозорҳо, афзоиши тавлиди ин маҳсулот барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қимат, амалисозии ба мавқеи тааҳҳудоти иҷтимоии давлат монанди пардохти дастмуздҳо  ва нафақа ва ҳимояти давлат аз қишри осебпазири кишвар аз бахшҳои аслии ин барнома аст. 

Мақомот гуфтанд, ки пас аз тасвиби барнома аз сӯи давлат, ба шуғлҳои кучак ва мутавассити ​​осебпазир аз буҳрон муофияти молиётӣ (андоз) эъто мешавад.  

Ба гуфтаи таҳлилгарон, муҳимтарин таъсирпазирии иқтисоди Тоҷикистон аз шуюи бемории корона дар ҷаҳон, коҳиши мизони ирсоли пул аз Русия ба Тоҷикистон аз тариқи бонкҳои русӣ ва коргарони муҳоҷир дар Русия ва пойин омдани арзиши сомонӣ аст.  

Масъуд Собиров, таҳлилгари тоҷик гуфт: Теъдоди зиёде аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва дар саросари ҷаҳон шуғли худро аз даст додаанд ва пули кофӣ барои гардиш дар бозор вуҷуд надорад зеро монанди қабл даромаде надоранд. 

Ӯ афзуд: Иқтисоди Тоҷикистон бо буҳрон рӯбарӯ аст.