Фавти бемори бистарӣ дар бемористони минтақаи Суғд ба иллати илтиҳоби шуш
(last modified Mon, 06 Apr 2020 14:02:21 GMT )
Апрел 06, 2020 19:02 Asia/Dushanbe
  • Фавти бемори бистарӣ дар бемористони минтақаи Суғд ба иллати илтиҳоби шуш

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи марги яке аз сокинони минтақаи Суғд дар бемористон изҳори назар кард.

Ба гузориши радио бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз сомонаҳои Осёи Марказӣ, Вазорати тандурустии Тоҷикистон марги бемори 60 соларо, ки дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов бистарӣ буд, таъйид кард.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузориш дод, ки ин мард 31 март бар асари илтиҳоби шуш ё пневмония даргузашт.

Мақомоти бемористони марказии Ҷаббор Расулов ва намояндагони идораи беҳдошти Суғд таъйид карданд, ки кодри пизишкӣ ва бастагони ин мард дар бемористони бемориҳои уфунии шаҳристони Хуҷанд қарнтина шуданд ва натиҷаи озмоишҳои марбут ба корона ҳам аз ин мард манфӣ будааст.

Ин вазоратхона таъйид кард, ки коркунони беҳдошти бемористони марказии минтақа низ қарантина шуданд, вазъияти саломатии онҳо ҳам хуб аст.

Дар ҳамин ҳол Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури бемористони марказии  ноҳияи Ҷаббор Расулов  дар суҳбат изҳор намуд, ки айни замон вазъи саломатияш хуб аст. Номбурда аз нашри хабарҳо дар мавриди он ки гӯё вазъи саломатияш вазнин  мебошад, изҳори нигаронӣ намуд.

Алишер Абдукаримов гуфт, ба карантин фаро гирифтани ӯ ва дигар табибон на танҳо аз он сабаб аст, ки онҳо бо ин марди фавтида сару кор доштанд, балки тибқи қоида ҳар табибе, ки бо нафарони дар карантин буда сару кор доранд, 14 рӯз низ ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Бояд гуфт, ки айни замон озмоишгоҳҳои кишвар барои муайян намудани сирояти коронавирус ва нишонаҳои он пурра омода мебошанд. Ҳоло дар озмоишгоҳҳои кишвар 25 ҳазор тестҳо ҷиҳати муайян намудани коронавирус мавҷуд мебошанд, ки то имрӯз ба наздики 3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шуда, ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромадаанд. Аз ин шумора 22 ташхис ба Лондон ва 9  ташхиси  ташхиси дигар ба шаҳри Москва равон карда шуда буданд, ки натиҷаи онҳо низ хушбахтона, манфӣ баромадааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хабару овозаҳои сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ  дар робита ба марги як марди 60-соларо дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, рад карда иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 6 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.