Ҳушдори Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон аз сармозадагии шадид дар бархе манотиқи кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52450
Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон аз сармозадагии шадид дар бархе манотиқи кишвар ҳушдор дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 07, 2020 10:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон аз сармозадагии шадид дар бархе манотиқи кишвар

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон аз сармозадагии шадид дар бархе манотиқи кишвар ҳушдор дод.

Ба нақл аз Спутник ва Дафтари матбуоти Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон,  дар рӯзҳои оянда як сомонаи бисёр сард ба Тоҷикистон хоҳад расид.

Тибқи пешбинии ҳавошиносӣ,  дар минтақаи Бадахшон коҳиши 5 дарҷаии дамо пешбинӣ мешавад, бориши барф ҳамроҳи ғубор ва вазиши бод дар минтақа ҳам дур аз интизор нест.

Дар минтқаи Суғд низ, ҳавошиносон эълом карданд дамои ҳаво аз 14 то 16 дараҷаи сантиград болои сифр дар навасон аст бо ин ҳол , 9 апрел  дар бархе манотиқ  дараҷаи ҳарорат ба зери сифр хоҳад расид. Барои минтақаи Хатлон низ ба муддати 10 рӯз тӯфон ва барф ҳамроҳ бо борон пешбинӣ мешавад бо ин ҳол ҳавошиносӣ эълом карда, ки дараҷаи ҳарорат ба 24 дараҷаи сантиград болои сифр мерасад.