Баррасии пайёмадҳои коронавирус дар дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52468-Баррасии_пайёмадҳои_коронавирус_дар_дидори_вазири_хориҷаи_Тоҷикистон_бо_намояндагони_созмонҳои_ҷаҳонӣ
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ду тан аз намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ дидор кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 07, 2020 14:12 Asia/Dushanbe
  • Баррасии пайёмадҳои коронавирус дар дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ду тан аз намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ дидор кард.

Дар дидор ва гуфтугӯи вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду тан аз намояндагони баландпояи созмонҳои ҷаҳонӣ масоили марбут ба чилавгирӣ аз густариши коронавирус баррасӣ шуд.  

Ба нақл аз сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Душанбе бо хонум Сезин Синон Уғлӯ, ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Миллал ва Ҷон-Питер Олтерз, раиси дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дидор кард.

Бар пояи ин гузориш тарафҳо дар ин нишаст дар мавриди иқдомоти муштараки гирифташуда аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории коронавирус  ва пайёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он табодули назар карданд.