Тавлиди маводи зиддивирус аз оби нуқра дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52489-Тавлиди_маводи_зиддивирус_аз_оби_нуқра_дар_Тоҷикистон
Коршиносони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо истифода аз фанновариҳои нано, тавлиди маҳлули ҷадидеро бо таркиби оби нуқра барои муқобила бо коронавирус оғоз карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 08, 2020 11:58 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди маводи зиддивирус аз оби нуқра дар Тоҷикистон

Коршиносони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо истифода аз фанновариҳои нано, тавлиди маҳлули ҷадидеро бо таркиби оби нуқра барои муқобила бо коронавирус оғоз карданд.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Фарҳод Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфтааст, ки озмоишҳои аввалия нишон медиҳанд, ки оби нуқра коронавирусро аз байн мебарад.

Вай таъкид кардаст, ки маҳлули ҷадид хосияти беасар кардани беш аз 650 навъи вируси шиносоишуда, аз ҷумла коронавирусро дорад ва метавонад дар тавлиди ниқобҳо, либосҳои бемористонӣ ва дасткашҳои ҳифозатии мавриди ниёз истифода шавад.

Зарраҳои ин маҳлул, ки бо фанноварии нано тавлид шудааст, ба муддати шаш моҳ дар таркиби порча ва пластика ҳифз мешавад ва бо вуҷуди шустушӯи мукаррари ин васоил, хосияти зиддивирусии худро нигаҳ медорад.