Омодагии Тоҷикистон барои ифтитоҳи сафорати Фаластин
Апрел 08, 2020 13:44 Asia/Dushanbe
Мақомоти Тоҷикистон ва Фаластин мавзӯи кушоиши сафорати Фаластин дар Душанберо баррасӣ карданд.
Ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хусрав Нозирӣ, муовини аввали вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо Луай Исо, сафири ҷадиди Фаластин дар ин кишвар, дар бораи равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаластин дар заминаҳои мухталиф табодули назар карданд.
Нозирӣ ва Исо ибрози умедворӣ карданд, ки ифтитоҳи расмии сафорати Фалстин дар Душанбе, боиси тақвияти ҳар чи бештари пайвандҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар шавад.
Барчасп