Барномарезии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон барои тасҳили бозгашти тоҷикон аз дигар кишварҳо
Апрел 08, 2020 14:35 Asia/Dushanbe
Вазири умури хориҷа, сафирон ва намояндагони дипломатии Тоҷикистон роҳкорҳои ҳалли мушкилоти тоҷиконеро, ки дар паи хурӯҷи коронавирус ва баста шудани марзҳо дар кишварҳои дигар гирифтор шудаанд, баррасӣ карданд.
Ин ҷаласа, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, ширкаткунандагон дар бораи осори иқтисодӣ ва иҷтимоии бемории ҳамагири коронавирус бар Тоҷикистон баҳс ва табодули назар карданд.
Аз ҷузъиёти тасмимоти ин ҷаласа хабаре мунташир нашудааст.
Субҳи имрӯз ҳавопаймои "Сомон Эйр" бо парвоз аз Душанбе ба мақсади Мюнхени Олмон, шаҳрвандони аврупоиро аз Тоҷикистон хориҷ кард.