Апрел 08, 2020 15:52 Asia/Dushanbe
  • Оғози тавлиди москҳои пизишкӣ дар корхонаи пӯшоки Душанбе

Ҳамзамон бо шуюъи корона дар саросари ҷаҳон, ширкати хайётии “Тоҷтакс” дар Душанбе тавлиди москҳои пизишкиро оғоз кард.

Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кард, ба манзури ҷилавгирӣ аз шуюъи бемории корона, ин ширкат акнун москҳои беҳдоштӣ ва либосҳои муҳофизи вижаи пизишкӣ тавлид мекунад.

 Зарфияти ин ширкат дар шароити кунунӣ тавлиди рӯзона 10 ҳазор адад моски пизишкӣ бар асоси стандартҳои роиҷ аст.

Беш аз 160 дастгоҳ чархи хайётӣ дар ин ширкат насб шуда ва 200 шуғл низ эҷод шудааст.

Бар асоси эъломи Вазорати тандурустӣ ва ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, то кунун ҳеҷ мавриде аз ибтило ба корона дар ин кишвар гузориш нашудааст.