Дуздии гӯшвора дар шаҳри Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52514-Дуздии_гӯшвора_дар_шаҳри_Душанбе
 Марди 30 сола дар шаҳри Душанбе гӯшвораи ду духтарро дуздид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 08, 2020 17:34 Asia/Dushanbe
  • Дуздии гӯшвора дар шаҳри Душанбе

 Марди 30 сола дар шаҳри Душанбе гӯшвораи ду духтарро дуздид.

Ба гузориши “Азия плюс”, маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ин мард сокини минтақаи Спитамени вилояти Суғд аст. Вай ба гумони дуздӣ аз сӯи полис боздошт шуд.

Ба гузориши полис, мазнун дар наздики мактаби роҳнамоии шумораи 77 хиёбони Фирдавсӣ дар Душанбе бо истифода аз зӯр, як ҷуфт гӯшвораи тилоро ба арзиши 2 ҳазор сомонӣ аз ду духтари 3 ва 6 сола дуздид.

Ин мард қаблан низ тибқи маводи 104 (қатл), 138 (таҷовуз) ва 244 (дуздӣ) қонуни муҷозоти Тоҷикистон маҳкум шуда буд.

Таҳқиқот дар мавриди иллати дуздӣ идома дорад.