Апрел 11, 2020 10:11 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси воми 31 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Анҷумани тавсиаи байналмилали Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон беш аз 31 миллион доллар вом ихтисос дод.

Вазорати дороии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа эълом кард, ки ин маблағ барои таъмини дастрасии сокинони 61 рустои устони Бадахшон ва 74 рустои устони Хатлони ин кишвар ба барқ ҳазина мешавад.

Тибқи ни гузориш, дар чорчӯби ин лоиҳа сохти зерсохтҳо барои тавлиди барқ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои кӯчаки барқи обӣ, насби генераторҳои бодӣ ва панелҳои хуршедӣ пешбинӣ шудааст.

 

Барчасп