Апрел 11, 2020 12:14 Asia/Dushanbe
  • Мамнӯияти хориҷ кардани шикастапораҳои металлӣ аз Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон хориҷ кардани шикастапораҳои металлӣ ва ҳар навъ зоеоти фӯлодӣ аз ин кишварро мамнӯъ кард.

Ба нақл аз сомонаи Taj Week, ҳадаф аз ин иқдом истифода аз шикастапораҳои металлӣ ва зоеоти фӯлодӣ дар корхонаҳои дохилии Тоҷикистон унвон шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Вазорати молия ва Хадамоти давлатии гумруки ин кишвар дастур додааст, ки барои мамнӯияти хориҷ кардани шикастапораҳои металлӣ ва ҳар навъ зоеоти фӯлодӣ назоратро ташдид кунанд.

Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ тамоми шикастапораҳои металлӣ ва зоеоти фӯлодӣ аз Тоҷикистон ба Чин мунтақил мешуд.

 

Барчасп