Омодасозии 3150 тахти ҷадид дар Тоҷикистон барои беморони эҳтимолии коронавирус
(last modified Sat, 11 Apr 2020 07:42:58 GMT )
Апрел 11, 2020 12:42 Asia/Dushanbe
  • Омодасозии 3150 тахти ҷадид дар Тоҷикистон барои беморони эҳтимолии коронавирус

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз омодасозии 3150 тахти ҷадид дар бемористонҳои ин кишвар барои беморони эҳтимолии коронавирус хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, ин матлаб дар нишасти ахири cитоди муқобила бо бемории коронавирус дар Душанбе унвон шуд.

Мирҳомиддин Камолзода, муовини вазири тандурстии Тоҷикистон дар ин нишаст гуфтааст, ки бемористонҳо  ва кормандони бахши беҳдошт ва дармони ин кишвар худро барои густариши эҳтимолии коронавирус омода месозанд.

Ба ин манзур, Маркази миллии дармонӣ ва бемористони мавсум ба "Шифобахш" дар шаҳри Душанбе таҷҳиз мешаванд.

 

Барчасп