Қадрдонии сомонаи испанияӣ аз ҳимояти тоҷикон
Marca, сомонаи машҳури ахбори варзишии Испания аз ин ки дар дидори ду тими футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо муборизаи ҳукумати Мадрид бо густариши вируси корона ибрози ҳамбастагӣ шуд, аз Тоҷикистон ба хотири ин иқдом қадрдонӣ кард.
Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, дар дидори ду дастаи футболи шаҳри Душанбе - «Локомотив-Помир» ва «Душанбе-83» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе як шиор (баннер) бо ин навиштор овехта шуда буд, ки "Қувватат диҳад, Испания! Тоҷикистон барои шумо дуо мекунад!"
Сомонаи Marca бо интишори ин матлаб ва лаҳзае аз бозии байни ду дастаи футболи тоҷикистонӣ аз тоҷикҳо ба хотири ҳамбастагӣ бо иқдомоти давлати Мадарид барои муқобила бо вируси корона тақдир ва ташаккур кардааст, зеро дар шароити ҳассоси мубориза бо вируси корона, ҳамбастагӣ бо кишварҳои даргир бо ин маризӣ амри муҳим ва инсондӯстона мебошад.
Испания бо мубтало шудани 163 ҳазор нафар пас аз Амрико дар радаи дуввум ва ҷонбохтани 16 ҳазору 606 нафар бар асари вируси корона поинтар аз Амрико ва Италия дар ҷойгоҳи севуми ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.