Кумаки Қазоқистон ба Тоҷикистон дар шароити феълӣ бисёр арзишманд аст
(last modified Mon, 13 Apr 2020 05:49:57 GMT )
Апрел 13, 2020 10:49 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Қазоқистон ба Тоҷикистон дар шароити феълӣ бисёр арзишманд аст

Мудири маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба Донишгоҳи равобити байналмиллалии Русия муътақид аст, ки кумакҳои Қазоқистон ба Тоҷикистон дар шароити муқобила бо густариши вируси корона бисёр муҳим мебошад.

Ба нақл аз сомона Спутник, Андрей Казантсов бо ишора ба тавофуқи ахири Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи содироти орд ва гандум ва маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои якдигар гуфтааст, ки дар шароити муқобила бо густариши вируси корона ин иқдом муҷиби ҳифзи субот ва амният дар Осиёи Марказӣ мегардад. Зеро Қазоқистон кишвари муҳим бо захираҳои саршори нафту гоз, гандум ва конҳои мухталиф дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки бахши асосии орд ва гандум ва сӯзишвории мавриди ниёзи Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Қазоқистон анвои намуди мева ва сабзавот ва хушкбор содир мекунад.

Аз сӯи дигар Қазоқистон пас аз Русия дуввумин кишвари пазирои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар қаламрави Ҷомеаи ҳамсуд мебошад.

Воқеъ шудани Тоҷикистон дар наздикии марзҳои Афғонистон, ки конуни бесуботӣ дар минтақа мебошад зарурати кумакҳои Қазоқистонро ба унвони муттаҳиди Тоҷикистон дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба ин кишвар ду чандон месозад, ки омиле муҳим барои ҳифзи субот ва амнияти Осиёи марказӣ ба ҳисоб меояд.