Апрел 13, 2020 14:03 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои 55 дарсадии барномаи ҷазби ҷавонон ба артиш  дар Тоҷикистон

Тайи 13 рӯз аз оғози барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати артиш дар Тоҷикистон мақомоти ин кишвар аз иҷрои 55 дарсадии ин тарҳ гузориш доданд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кардаанд, ки тайи наздик ба ду ҳфтаи ахир барномаи ҷазби ҷавонон ба неруҳои мусаллаҳи ин кишвар 55 дарсад иҷро шудааст.

Вилояти Бадахшон ва навоҳии Тоҷикобод, Ховалинг, Данғара, Носири Хусрав, Норак, Нуробод, Лахш, Рашт, Ваҳдат, Сангвор ва Шамсиддини Шоҳин барномаи ҷазби ҷавонон ба артишро 100 дарсад иҷро кардаанд.

Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки дар вилояти Хатлон ин барнома 46 дарсад, Суғд 38 дарсад, шаҳри Душанбе 75 дарсад ва ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон 72 дарсад иҷроӣ шудааст. Бар асоси қавонин Тоҷикистон, ҷавононе , ки синну соли онон байни 18 то 27 сол аст ва муофияти ҳуқуқӣ надоранд дорои шароити хидмати сарбозӣ ба ҳисоб меоянд.

Теъдоди ин афрод дар Тоҷикистон 600 ҳазор нафар аст, ки ду бор дар ҳар сол дар фаслҳои баҳору тирамоҳ ба хидмати артиш ҷазб мешаванд.

Ба гуфтаи мақомот, дар ин кишвар ҳамасола 15 то 16 ҳазор нафар аз ҷавонони дорои шароит бояд барои хидмат дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷазб шаванд, аммо ба далели набуди шароити матлуби маишатӣ ва ахлоқӣ, вуҷуди хушунат ва беназмӣ дар воҳидҳои низомӣ, ки муҷиби нуқси ҷисмонӣ ва кушта шудани сарбозони ҷавон мешавад, теъдоди зиёде аз ҷавонони тоҷик рафтан барои кор ба Русияро бар хидмати сарбозӣ тарҷеҳ медиҳанд.

 

Барчасп