Апрел 13, 2020 20:06 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши рушди иқтисодии Тоҷикистон

Бар асоси баррасии Бонки авруосиёии рушд (БАОР), имсол авомили хориҷӣ таъсири зиёде дар коҳиши рушди иқтисодии Тоҷикистон хоҳад дошт.

Ба гузориши Asia Plust, дар гузориши макроиқтисодии Мудирияти умури таҳлилии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) оид ба Тоҷикистон қайд мешавад, ки ба рушди иқтисод оқибатҳои манфии хуруҷи коронавирус, ки ба коҳиши талаботи берунуа боис мегарданд, таъсири манфӣ мерасонанд.

 

Гуфта мешавад, афзоиши хароҷоти буҷет ба соҳаи иҷтимоӣ ва зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол дар саноати металлургӣ ба рушди иқтисод мусоидат мекунанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки соли 2019 рушди иқтисоди Тоҷикистон то 7,5% (соли 2018 – 7,3%) афзуд.

Таҳлилгарони бонк қайд мекунанд, ки талаботи зиёди истеъмолӣ, инчунин афзоиши истеҳсолот дар соҳаҳои комплекси кӯҳкориву металлургӣ ва бахши кишоварзӣ омилҳои асосии рушди иқтисод гардида буданд.

Зикр мешавад, ки зери таъсири болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ, сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 то ба 8% (дар соли 2018 – 5,4%) расид.

Тибқи пешгӯйии БАОР, поинравии арзиши барқ ва маҳсулоти ғизоӣ дар хориҷи кишвар ба нигоҳдории мизони таваррум дар наздикии фосилаи ҳадафноки (6+/-2%) дар солҳои 2020-2022 муоидат мекунад.