Таъхири замони баргузории додгоҳи рӯзноманигори тоҷик
Замони мурофиаи рӯзноманигори тоҷик ба таъхир афтод.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баррасии парвандаи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷикро, ки бояд имрӯз баргузор мешуд, ба 15 апрел гузоштааст.
Ба нақл аз Спутник, далели ба таъхир афтодани замони баргузории додгоҳи ин рӯзноманигор ҳозир нашудани додситон мурофиа дар додгоҳ эълом шудааст.
Пеш аз ин Дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон эълом карда буд, ки Далер Шарифови 32 сола дар солҳои 2013 то 2019 ҳудуди 113 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.
Бар асоси ин баёния дар соли 2019 Далер Шарифов ба таври ғайриқонунӣ ва махфиёна рисолае ба шуморагони 100 нусхаро бар асоси ақидаҳои гурӯҳи мамнуаи Ихвон-ул-муслимин тадвин кард.
Аммо вакилони мудофеи ин рӯзноманигори тоҷик бо радди ин иттиҳомот мегӯянд, ки ҳадаф аз навиштани ин рисола дифоъ аз ислом дар баробари иттиҳомоти душманони ислом бар асоси иртиботи ин дин бо терроризм мебошад.
Созмони хабарнигорони бидуни марз ҳам бо интишори дуввумин баёнияе хостори озодии фаврии вай шуд.
Ҳерлем Дезир, намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО бо нашри як баёния аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо карда буд.
Ҳамчунин 8 созмони байналмиллалии мудофеи ҳуқуқи башарӣ бо маҳкум кардани боздошти Далер Шарифов хостори озодии вай шудаанд.