«Фароз» - ширкате чандлоя дар Тоҷикистон
Ширкати «Фароз»-и Тоҷикистон ҳатто баъд аз эъломи барҳамдиҳӣ ба фаъолияти худ дар ин кишвар идома медиҳад.
Ба гузориши яке аз сомонаҳои хабарии Осиёи Миёна, намояндаи ширкати саҳҳомии «Фароз» гуфт, ин ширкат, ки мутааллиқ ба Шамсуллоҳ Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикстон аст, як моҳ пеш, 11 март баҳам хурд.
Дар ҳамон рӯз, бо судури ҳукме аз сӯи давлат замине ба масоҳати 4.96 гектар дар Душанберо барои бозори масолеҳи сохтмоне ба ин ширкат ихтисос дода шуд. Дар матни номаи тасмими давлат бо шумораи 175, муаррихаи 7 апрел навишта шуда, замине ба масоҳати 4.96 гектар барои сохти бозори масолеҳи сохтмонӣ дар Душанбе ба ширкати «Фароз» ихтсос дода шудааст ва ин ширкат муваззаф аст 673 ҳазору 274 сомонӣ (муодили 67 ҳазор доллар) ғаромат ба ҳисоби вижаи буҷаи кишвар ворез кунад.
Исматуллоҳ Зиёев, ки худро ба унвони намояндаи саҳҳомдорони собиқи ширкати «Фароз» муаррифӣ карда буд, дар номае дар таърихи 10 апрел гуфт, ки ширкати саҳҳомии «Фароз» 11 марти 2020 мунҳал шудааст ва бахше аз дороии ширкат фурӯхта ва қисмати дигар ба саҳҳомдорон вогузор шудааст ва "тибқи риволи мавҷуд" дар оянда фурӯхта мешавад.
Ба гуфтаи вай, аз авоили соли 2017 ширкати «Фароз» дархости тахсиси як қитъаи заминро ба раиси Шӯрои шаҳри Душанбе дод. Ӯ гуфт, мушаххас нест, ки чаро давлат ҳудуди 5 гектар аз арозиро ба як ширкати мунҳалшуда ихтисос додааст, зеро таърихи мусаввабаи давлат дар хусуси тахсиси замин ҳамзамон бо таърихи инҳилоли худи ширкат 11 март аст.
Влад Лавров, муҳаққиқ ва сардабири собиқи барномаи гузориши ҷурми созмонёфта ва фасод дар Осиёи Миёна дар мавриди таҳқиқот дар мавриди фасод ва ҷароими созмонёфта дар Осиёи Миёна мегӯяд, ки номи «Фароз» ёдовари шӯҳрати осебдида аст, дар воқеъ ин ширкат номи худро тағйир дода, аммо ҳамаи кормандон дар бахшҳои худ кор мекунанд ва ширкат бо номи дигар ба фаъолияти худ идома медиҳад.
Барномаи таҳқиқ дар бораи фасод ва ҷароими созмонёфта, пеш аз ин дар чандин нашрияи мустақил ва дар вебсайти худ натоиҷи таҳқиқоти худ дар мавриди «Фароз» мунташир карда буд, ки баён дошт, ин ширкат 43 созмони зермаҷмӯаи мухталиф дорад ва соҳиби инҳисории бисёре аз бахшҳои судовари иқтисоди Тоҷикистон аст.
Влад Лавров дар хусуси ихтисоси як қитъа замини 4.96 гектарӣ дар пойтахт низ гуфт, ин тасмими мақомот мантиқӣ нест. Дар тасмими давлат омадааст, ки моликони собиқи замин бояд ҳазинаи тарҳ ва хисоратҳои эҳтимолиро пардохт кунанд, сониян агар ширкат таътил бошад, чӣ касе ин тасмимро иҷро мекунад?.
Лавров гуфт, мушаххас нест, ки давлат дар чӣ шароите заминеро ба ширкати «Фароз» ихтисос додааст: бар асоси муноқиса ё дубора фақат ба ин далел, ки соҳиби ширкат домоди раиси давлат аст.
Дар ҳоле, ки намояндаи «Фароз» аз инҳилоли худи ширкат хабар медиҳад, созмонҳои гунҷонидашуда дар зермаҷмӯаи ширкат фаъолият ва дар муноқисаҳо ширкат мекунанд.
Лавров гуфт, интишороти “Ганҷ нашриёт” мутааллиқ ба ширкати «Фароз» дар мусобиқае барои интишори китоби Бобоҷон Ғафуров ширкат мекунад ва ба зудӣ барандаи муноқиса эълом мешавад.
«Фароз АйТи» яке дигар аз созмонҳои зермаҷмӯаи ширкати «Фароз» аст, ки ба таври фаъол хадамоти полиси роҳнамоӣ ва ронандагӣ ироа медиҳад.
Ба гуфтаи Вазорати умури дохила, ҳаддиаксар 75 дарсади даромади ҳосил аз хадамоти пулӣ, ки аз сӯи полиси роҳнамоӣ ва ронандагӣ ироа мешавад, ба ҳисоби «Фароз АйТи» ворез мешавад.
Аз 180 сомонӣ барои судури барчасби сабти номи соҳиби мошин, 27 сомонии он ба ҳисоби вижаи полиси роҳнамоӣ ва ронандагӣ ва 153 сомонӣ ба ҳисоби «Фароз АйТи» ворез мешавад ва аз 230 сомоне, ки аз созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ барои таҳияи плок (номер) пардохт мекунанд, фақат 34 сомониву 50 дирам ба ҳисоби ин ширкат ворез мешавад.
«Фароз» як ширкати чандсозмонӣ аст, ки дар соли 2002 таъсис шуд. Ин ширкат фаъолияти худро бо таҳияи сӯхт ва тавзеи онҳо дар кишвар оғоз кард.
Ширкати «Фароз» соҳиби даҳҳо созмон ва ширкати бузургу кӯчак аст. Назорат бар нуқтаи фурӯши бензинҳо, озмоишгоҳҳои пизишкӣ, поёнаҳои гумрукӣ, омӯзишгоҳҳои ронандагӣ, муҷтамаи лижаронӣ аст ва истихроҷи захоири маъданӣ дар инҳисори ин ширкат аст.
Ба тозагӣ «Фароз» намояндагии омӯзиш тибқи системаи Англияро дар Душанбе дарёфт кард ва ин фаъолият солона 3 ҳазор доллар ҳазина дорад.