Апрел 15, 2020 10:07 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли баста шудани дубораи масҷидҳои Тоҷикистон дар сурати густариши коронавирус

Раиси Шурои уламои Тоҷикистон аз эҳтимоли баста шудани дубораи масҷидҳои Тоҷикистон дар сурати густариши коронавирус хабар дод.

Ба нақл аз Спутник, Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст, ки феълан масҷидҳои кишвар фаъолият доранд вале дар сурати густариши коронавирус эҳтимоли баста шудани дубораи ин марокизи ибодӣ вуҷуд дорад.

Вай бо ишора ба баста шудани масоҷиди аксари кишварҳои исломӣ дар пайи густариши коронавирус таъкид кардааст, ки агар коронавирус ба Тоҷикистон хатаре ворид кунад танҳо роҳи муносиб бастани ин марказҳои ибодӣ хоҳад буд.

Вай аз шахсони солхурда хоҳиш кардааст, ки ба масҷид наоянд ва намозҳояшонро дар хона бихонанд.

Ҳамчунин ба ҷавонон тавсия шудааст, ки ба масҷидҳо бо ниқобҳои тиббӣ ҳозир шаванд.

Абдулқодирзода гуфтааст, ки ҷаласаи навбатии Шурои уламои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе санаи 21 апрели соли равон баргуззор хоҳад шуд, ки дар ин ҷаласа дар бораи шароити фаолияти масҷидҳои ин кишвар дар моҳи мубораки Рамазон тасмимгирӣ мешавад.

 Ин дарҳоле аст, ки хондани намозҳои ҷамоат дар масҷидҳои Тоҷикистон аз рузи 5 марти соли ҷорӣ ба дархости Вазорати тандурустии ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона мамнуъ шуд. 

Аммо дар таърихи 20 марти соли ҷорӣ дари вурудии масҷидҳои Тоҷикистон барои хондани намозҳои ҷамоат дубора боз шуд.

 

Барчасп