Апрел 15, 2020 13:08 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Фонди байналмиллалии пул бо коҳиши қарзи Тоҷикистон

Фонди байналмиллалии пул, ҳамзамон бо пешбинии коҳиши рушди иқтисодии Тоҷикистон бо коҳиши қарзи ин кишвар мувофиқат кард.

Ба гузориши ИРНО, ҳайати иҷроии Фонди байналмиллалии пул  рӯзи сешанбе дар қолиби кумак ба коҳиши таъсироти шуюи вируси корона дар ҷаҳон, бо коҳиши қарзи бисту панҷ кишвар аз ҷумла Тоҷикистон дар қолиби барномаи "Кумакҳои имдодӣ ва маҳори фаҷоеаҳо" (CCRT) мувофиқат кардааст.

Фонди байналмиллалии пул эълом кард: Ин иқдом ба аъзои фақир ва осебпазири ин ниҳоди молӣ кумак мекунад то дар шаш моҳи оянда бахши бештаре аз манобеи молии маҳдуди худро ба талошҳои изтирории беҳдоштӣ ва пизишкӣ ихтисос диҳанд.

Қарзҳои хориҷии Тоҷикистон то ибтидои соли равон ҳудуди  ду миллиарду ҳаштсад миллион доллар буд, ки ин рақам муодили сию панҷ аз даҳ ҳашт ( 35/8) дарсад тавлиди нохолси дохилии ин кишвар аст.