Апрел 15, 2020 20:28 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нахустин ҷаласаи муштараки ҳар ду маҷлиси Тоҷикистон 17 апрел

Нахустин ҷаласаи муштараки ҳар ду маҷлиси парлумони Тоҷикистон 17 апрел баргузор мешавад.

Ба гузориши “Азия плюс”, нахустин ҷаласаи муштараки ҳар ду маҷлиси парлумони Тоҷикистон дар таърихи 17 апрел баргузор мешавад ва дар ҷаласа раиси маҷлис интихоб мешавад. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15 апрел 6 узви маҷлиси олиро таъйин кард.

Фарҳод Раҳимӣ, раиси миллии Академияи улуми Тоҷикистон, Ҳасан Раҷабзода, раиси ноҳияи Мурғоб, Ҳасан Дӯстзода, раиси минтақаи Нуробод, Низом Қосим, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Мақсудалӣ Умронзода, мудири мактаби шумораи 23 –и ноҳияи Ҷалолиддини Балхии устони Хатлон ва Ҷабборӣ Бурҳониддини Исҳоқ, раиси омӯзиш ва парвариши ноҳияи Конибодоми устони Суғд тибқи фармони раёсатҷумҳурӣ узви Маҷлиси олӣ шуданд.

Раисҷумҳур ҳанӯз ду узви маҷлиси миллиро мансуб накардааст.

Маҷлиси миллии Тоҷикистон муташаккил аз 33 узв аст. 25 нафар аз онҳо бо раъйгирӣ дар ҷаласоти муштараки муовинини мардуми навоҳӣ, шаҳрҳо ва манотиқи кишвар интихоб мешаванд ва 8 узвро раисҷумҳур интихоб мекунад.