Апрел 16, 2020 14:32 Asia/Dushanbe
  • Пардохти кумакҳазинаи таҳсилӣ ба донишомӯзон ва донишҷӯёни мумтоз дар шаҳри Душанбе

Ба дорандагони стипендияҳои таҳсилӣ дар шаҳри Душанбе кумакҳазинаи таҳсилӣ пардохт шуд.

Ба гузориши Спутник, шаҳрдори Душанбе 508 ҳазору 900 сомонӣ ба унвони кумакҳазинаи таҳсилӣ ба дорандагони стипендияи таҳсилӣ пардохт кард.

Ин маблағ аз маҳалли сандуқи захираи шаҳрдории Душанбе ба ҳисоби 180 донишомӯз ва донишҷӯи мумтоз дарёфт хоҳанд ард.

Эътои ин стипендия соли 2017 барои ҳимоят ва ташвиқи нухбагон тасвиб шуд, тибқи ин мусавваба ба ҳар донишҷӯ ва ё донишомузи нухба ҳар моҳ 300 сомонӣ кумакҳазинаи таҳсилӣ пардохт мешавад.

Ҳамчунин шаҳрдори Душанбе 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ барои баргузории ду мусобиқа дар мадориси ихтисос дод, ки аз ин маблағ 564 ҳазор сомонӣ барои баргузории мусобиқаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе ихтисос ёфт.

Ин мусобиқа бо ҳадафи афзоиши алоқа ба китоб хондан, тавсеа тавоноиҳои фикрӣ ва эҷоди халлоқият баргузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин 120 ҳазору 600 сомонӣ ҳам барои баргузории мусобиқаи «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ихтисос ёфтааст.

Ин мусобиқа низ ба муносибати фарорасидани 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.