Апрел 18, 2020 21:27 Asia/Dushanbe
  • Набуди имконоти аввалия дар бисёре аз мактабҳои вилояти Хатлон

Бисёре аз мактабҳои вилояти Хатлон аз доштани имконоти аввалияи омӯзшӣ маҳрум ҳастанд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, хатари тахриби мактабҳо ҷони хонандагони мактабро низ таҳдид мекунад. Саида Шерова , хонандаи  синфи 9 аз муассисаи таҳсилоти умумии рақами 58 ноҳияи Вахш, орзуи таҳсил дар як мактаби нав ва модернро дорад.

Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 58 ноҳияи Вахш, ки Саида дар он таҳсил мекунад, аз сӯи сокинон дар соли 2009 сохта шудааст, дар ин мактаб ҳатто таҷҳизоти аввалия вуҷуд надорад.

Синфҳои дарс дар зимистон бо ҳезум гарм мешавад ва онҳоро даруни бухориҳои қадимӣ меандозад.

Ба гуфтаи Гулнора Хоҷаева, мудири муассисаи таҳсилоти умумии рақами 58, ду сол пеш ба далели камбуди будҷа, сохти  ду синфи дигар мутаваққиф шуд ва мақомот қавл доданд, ки то соли 2021 макони нав барои ин мактаб дар назар бигиранд. Ба гуфтаи омӯзгорон, волидайн солона барои таъмири мактабҳо маблағ ҷамъ мекунанд то ин имконот дар ҳадди имкон муҷаҳҳаз шавад.

Нилуфар Раҷабова, хонандаи синфи ҳафт дар мактаби рақами 13, се сол аст, ки барои омдан ба мактаб аз дучарха истифода мекунад ӯ мегӯяд  дар зимистон бо дучарха омдан ба мактаб  бисёр сахт аст.

Мамлакат Саимева, сокини рустои Иттифоқ, ба далели ин ки наздиктарин мактаб 5 километр бо рустои онҳо фосила дорад маҷбур шуд се фарзанди худро ба хонаи хушдоманаш бифиристад.

Вай гуфт: Ман чаҳор хонандаи мактаб дорам; ҳеҷ мактабе дар русто вуҷуд надорад.

Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 14 минтақаи Хатлон соли 1954 сохта шудааст, ба гуфтаи Юлдош Тилолов, мудири мактаб сохтмони мактаб бисёр фарсудааст ва коркунон ва хонандагони мактаб бо тарс вориди он мешаванд. Ӯ афзуд: Соли гузашта, волидайн 6000 сомонӣ (600 доллар) барои таъмири мактаб, рангомезии деворҳо ва кафҳо ба мактаб кумак карданд. Вай гуфт: Дар зимистон, дар ҳангоми борони шадид, об ба даруни синфҳои дарс мерезад зеро боми мактаб осеб дидааст.

Мо борҳо бо дархости сохтани як сохтмони ҷадид барои мактаб ба мақомот муроҷеат кардем, аммо вазъият тағйир накардааст.

Бар асоси эъломи Идораи омӯзиш ва парвариши вилояти Хатлон 1342 мактаб дар ин вилоят вуҷуд дорад, ки фақат 312 мактаб муҷаҳҳаз ба системҳои гармоишӣ ҳастанд.

Ҷумъахон Идизода, мутахассиси аршади бахши минтақаии хадамоти умумӣ дар Идораи омӯзиш ва парвариши вилояти Хатлон гуфт: Дар 3 соли гузашта 299 мактаб дар Хатлон бозсозӣ шудааст.