Апрел 19, 2020 08:18 Asia/Dushanbe
  • Дархости 90 нафар аз шаҳрвандони тоҷик аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Теъдоде аз шаҳрвандони тоҷик, ки ба иллати қатъи парвозҳо дар Ҳиндустон ба сар мебаранд дархости бозгашт ба Тоҷикистонро доранд.

90 нафар аз шаҳрвандони тоҷик, ки ба далели қатъи парвозҳои Душанбе- Деҳлии нав дар Ҳиндустон ҳастанд дар як моҳ бо ирсоли дуввумин нома аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархости кумак барои бозгашт ба Тоҷикистонро карданд. 

Ба нақл аз Спутник, 11 нафар аз онҳо барои ҷарроҳӣ ва дармон ба Ҳиндустон сафар карда буданд, ки аз 20 март ба иллати қатъи парвозҳо натавонистанд ба Тоҷикистон баргарданд. 

Вазъи умумии теъдоде аз беморони тоҷик низ, ки пас аз ҷарроҳии гурда, қалб, чашм ва саратон ниёз ба муроқибатҳои вижа доранд, бадтар шудааст. 

Ҳамчунин теъдоде донишҷӯи тоҷик дар миёни онон ҳастанд, ки пуле барои мондан дар Ҳиндустон надоранд.