Коҳиши кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар соли 2020
(last modified 2020-04-20T08:40:46+00:00 )
Апрел 20, 2020 13:40 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар соли 2020

Кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар соли равон дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ожонси омори вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе эълом кард: Ин кишвар дар 3 моҳи аввали соли равон аз чиҳилу ду кишвари ҷаҳон кумаки башардӯстона ба арзиши 4 миллион доллар дарёфт карда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта чаҳору ним баробар камтар аст.

Дар моҳҳои январ то марти соли қабл Тоҷикистон беш аз ҳаҷдаҳу ним миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт карда буд.

Ин гузориш афзуд: Кумакҳои башардӯстонае, ки дар 3 моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон ворид шуда шомили маҳсулоти ғизоӣ, дору ва таҷҳизот мебошанд.

Чин, Русия, Ҳинд ва Қазоқистон дар садри кишварҳои кумаккунанда ба Тоҷикистон ҳастанд.

Барчасп