Апрел 20, 2020 14:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нархи маводди ғизоӣ тайи як ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон

Ҳамзамон бо таъсири шуйюи бемории корона ва афзоиши арзиши доллар дар Тоҷикистон, нархи маводди ғизоӣ дар ин кишвар тайи як ҳафтаи ахир дубора афзоиш ёфт.

Ба нақл аз Авесто, нархи ҳар кисаи 50 килограмии орд, ки ҳафтаи қабл 240 сомонӣ таъйин шуда буд, акнун ба 250 сомонӣ расидааст.

Нархи ҳаркилограм картошка, ки миёнаҳои моҳи март аз 3 сомонӣ ва 80 дирам то 4 сомонӣ ва 80 дирам ба фурӯш мерасид, акнун ба 8 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин тайи як ҳафтаи ахир дар бозорҳои Тоҷикистон мардум шоҳиди афзоиши нархи ҳубубот ва биринҷ шудаанд.

Акнун ҳар килограм нахуд ва лубиё ба нархи 16 сомонӣ ва биринҷ аз 15 то 18 сомонӣ ба фурӯш мерасад. Фурӯшандагон дар бозорҳои Душанбе ҳар килограм шакар ва макаронро низ ба нархи 7 то 10 сомонӣ арза мекунанд.

Аз дидгоҳи коршиносон яке аз далелҳои афзоиши нархи маводди ғизоӣ тайи як ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон тавозуни манфии 4 баробарии тиҷорати хориҷии ин кишвар ба нафъи воридот тайи се моҳи нахусти имсол мебошад, ки ин мушкил муҷиб шуда, ки нархи доллар низ дар ин кишвар афзоиш ёбад.

Дар ҳоли ҳозир хариди доллар аз бонкҳои тиҷорӣ ва марокизи муҷози бонкӣ ғайримумкин аст, ки нархи як доллару 10 сомонӣ ва 23 дирам муқаррар шудааст. Аммо дар бозори озод ин шохис аз 11 сомонӣ ва 80 дирам фаротар рафтааст.