Идомаи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз карантин дар Ҳинд
5 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи 24 март дар Ҳинд боздошт шуда буданд, пас аз сипарӣ кардани карантин ба зиндони шаҳри Katsila дар ғарби ин кишвар мунтақил шуданд.
Ба гузориши сомонаи англисизабони “Avenuemail”, пулиси Ҳинд ин шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҳамроҳи 4 нафари дигар аз Чин ва 3 нафар аз Қирғизистон дар ҳоле боздошт карда, ки дар масҷидфи шаҳри Томор буданд. Онҳо ба макомоти Ҳинд гуфтаанд, ки барои таблиғи дин дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар омадаанд.
Боздошт шудагон мавриди озмоиши манфӣ карор гирифтанд.
Rajiv Ranjan, афсари пулиси маҳаллӣ дар ин бора гуфтааст, дар тӯли баррасиҳо мутаваҷҷеҳ шудем, ки ин атбои хориҷӣ бо визои туристӣ вориди Ҳинд шудаанд, аммо дар масҷиде дар Тамар пайдо шудаанд. Пас аз бозҷӯӣ онҳо талош карданд пулисро мутақоид кунанд, ки онҳо воизони исломӣ ҳастанд ва барои ироаи гуфтумони динӣ дар ҷоҳои мухталифи Ҳинд ба инҷо омада буданд.
Ба ҳар тартиб афроди ёд шуда ба карантин фиристода шуданд ва бо гузашти 25 рӯз мушаххас шуда, ки онон мубтало ба корона нестанд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз хабари боздошти шаҳрвандони ин кишвар дар Ҳиндро шарҳ надодаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки ахиран даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ҳинд дармондаанд аз тарси корона хостори бозгашт ба кишварашон шудаанд.