Илтиҳоби шуш, иллати аслии фавти корманди Додстонии шаҳри Душанбе
(last modified Tue, 21 Apr 2020 03:36:48 GMT )
Апрел 21, 2020 08:36 Asia/Dushanbe
  • Илтиҳоби шуш, иллати аслии фавти корманди Додстонии шаҳри Душанбе

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки далели фавти корманди Додситонии шаҳри Душанбе бемории корона набудааст.

Ба нақл аз Тоҷвик, бархе расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон навиштанд, иллати фавти Ҷалолиддин Пирови 37 сола- корманди бахши назорат бар фаолияти неруҳои интизомии шаҳри Душанбе машкук аст, зеро ҷасади вайро афроде бо либосҳои муҳофизи бемористонӣ ба хок сипурданд, ки шаку шубҳа дар мавриди иллати воқеии фавти ин корманди Додситонии шаҳри Душанберо афзоиш медиҳад.

Аммо мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон  эълом кардаанд, ки Ҷалолиддин Пиров бар асари илтиҳоби шуш фавт кардааст ва фавти он иртиботе бо бемории корона надорад.

Бо ин ки расонаҳои хабарии мустақил дар Тоҷикистон аз чанд мавриди марги шубҳабарангез дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва шаҳристони устони Суғд ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон хабар додаанд, мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки то 20 апрел ҳеҷ мавриди ибтило ба корона дар ин кишвар гузориш нашудааст.