Апрел 21, 2020 09:01 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳиз ва бозсозии корхонаи орди Душанбе бо мушорикати мутахассисони чинӣ

Корхонаи орди Душанбе бо мушорикати мутахассисони чинӣ бозсозӣ ва ба технологиҳои нав муҷаҳҳаз шуд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, ин ширкат қодир аст рӯзона 400 тона гандум фароварӣ кунад. Вазорати саноат ва технологиҳои нави ин ҷумҳурӣ эълом кард, бозсозӣ ва насби технологии нав  дар ширкати орди Душанбе ба итмом расидааст.

Пешбинӣ мешавад пас аз оғоз ба кори ширкат 100 нафар машғули кор шаванд.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бештари орди мавриди ниёзи шаҳрвандони худро аз ширкатҳои мустақар дар шимоли кишвар таъмин ва онҳо низ гандумро аз Қазоқистон ворид мекунанд.

Дар се моҳаи аввали сол нархи орд дар якум дараҷа дар Тоҷикистон 4 дарсад афзоиш ёфтааст.

Нархи як кисаи 50 килограмии орди якум дараҷа дар Тоҷикистон 250 сомонӣ аст.