Апрел 21, 2020 13:37 Asia/Dushanbe
  • Бекор кардани иҷозатномаи яке аз операторҳои пуштибони интиқоли пул дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи системи пардохти оператори пуштибони интиқоли пули БЛИЗКО-ро бекор кард.

Ба нақл аз Спутник, тибқи мусавваба аз 17 апрели соли 2020 фаолияти оператори системи пардохти БЛИЗКО қатъ шуд.

Дар ин гузориш омадааст: Ин муҷаввиз дар таърихи 29 апрели 2019 ба Бонки тиҷории байниминтақаии иртиботот ва тавсеаи иттилоот (БЛИЗКО) содир шуд.

Мутобиқ бо ин тасмим, ба масъулони ин сомонаи пуштибонии пардохт дастур дода шуд, то тағйироти муносибро дар сабтиноми операторҳои системи пардохт иҷро кунанд.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки ҳайати мудираи Бонки миллии Тоҷикистон аз таҷдиди муҷаввизи яке аз муассисоти ҳисобрасӣ ба иллати поймолсозии қавонин худдорӣ кард.

Системи интиқоли пули БЛИЗКО имкони интиқоли пули сареъ, роҳат, эмин ва содаро барои нархи муносиб ва сарфи назар аз ҷиҳат ва нуқтаи хадамоти муштариён фароҳам мекунад.

Интиқоли фаврии пул мумкин аст ба доллари Амрико, евра, рубли Русия ба Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Латвия, Молдова, Русия, Тоҷикистон,  Узбакистон, Украина , Чех бошад.

Маблағҳои интиқоли пул ба сурати нақдӣ пазируфта ва пардохт мешавад.

Ҳар интиқоли пули БЛИЗКО бо итминон аз як шумораи контроли мунҳасир ба фарди 8 рақамӣ муҳофизат мешавад.

Дар чанд  дақиқа пас аз интиқоли пул аз тариқи системи БЛИЗКО, интиқоли пул барои пардохт дар ҳар нуқтаи хадамот дар дохили кишвари мақсад сарфи назар аз шаҳре, ки барои он ирсол шуда, имконпазир аст.