Апрел 21, 2020 14:28 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қиммати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон

Қиммати бештари маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон афзоиш доштааст.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Авесто, қиммати як кисаи 50 килограмм орд ба 250 сомонӣ расида, ҳар килограмм картошка низ 8 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ҳар килограмм қанд ҳам ҳудуди 7 сомонӣ аст.

Дар намоишгоҳҳои арзаи маводи ғизоии шаҳри Душанбе низ, як халтаи орди  50 килограмми 205 сомонӣ, як килограмм пиёз 4 сомоню 50 дирам, як килограмм сабзӣ як сомонию 40 дирам ва ҳар килограмм гушт 48 сомонӣ фурӯхта шуд.

Дар ибтидои ҳафтаи гузашта, қиммати як халта орди 50 килограммӣ 205 то 240 сомонӣ ва ҳар килограмм лӯбиё 16 сомонӣ фурӯхта шуд.

Қиммати картошка низ 8 сомонӣ ва макарон аз 7 то 10 сомонӣ буд.

Коршиносон ақида доранд, ки афзоиши колоҳои асосӣ дар шароити феълӣ бо дар назар гирифтани авзои иқтисодии бештари кишварҳо як иттифоқи маъмулӣ дар бозори Тоҷикистон аст.

Онҳо мегӯянд, ки далели афзоиши қимматҳо ин аст, ки воридот дар Тоҷикистон 4 баробар бештар аз мизони содирот аст, бинобарин вобвстагӣ ба воридот дар бозори дохилии кишвар таъсир хоҳад гузошт.