Апрел 22, 2020 08:16 Asia/Dushanbe
  • Дархости сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон барои муқобила бо афзоиши нархи маводди ғизоӣ

Теъдоде аз сокинони вилояти кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон аз раиси ин минтақа дархост кардаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз афзоиши нархи маводди ғизоӣ иқдом кунад.

Ба нақл аз саҳифаи гурӯҳи Pamirnews дар шабакаи Фейсбук, дар номаи сокинони ин минтақа ба Ёдгор Файзов- раиси вилояти Бадахшон таъкид шудааст, ки фурушандагони маводди ғизоӣ дар бозорҳои ин минтақаи кӯҳистонӣ дар ду моҳи ахир бидуни далел нархи орд, равған, шир, тухми мурғ ва анвоъи мева ва  сабзавотро афзоиш додаанд, ки бояд пеши ин раванд гирифта шавад.

Нархи ҳар кисаи 50 килограмии орд акнун ба 250 сомонӣ расидааст дар ҳоле, ки қаблан 195 сомонӣ буд.

Ҳамчунин нархи ҳар килограм картошкае, ки миёнаҳои моҳи март 4 сомонӣ буд акнун ба 8 сомонӣ афзоиш ёфта ва нархи ҳар килограм пиёз низ, ки қаблан 3 сомонӣ буд акнун ба 5 сомонӣ расидааст.

Ҳатто нархи як летр шир, ки миёнаҳои моҳи март 3 сомонӣ ба фуруш мерасид, акнун ба 5 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Сокинони вилояти кӯҳистони Бадахшон таъкид кардаанд, ки дар сурати идомаи ин вазъ аз ҳақи худ барои баргузории эътирозоти хиёбонӣ ба афзоиши нархи маводди ғизоӣ истифода хоҳанд кард.