Апрел 22, 2020 08:43 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон барои афзоиши маблағи ҷаримаи поймолсозии қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки мизони маблағи ҷаримаи афроде, ки қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ин кишварро поймол мекунанд афзоиш ёбд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки дар Тоҷикистон ҳануз ҳам теъдоде аз мақомоти ҳукуматӣ, фаолони бахши хусусӣ, кормандони марокизи мазҳабӣ ва бархе бонувон иқдом ба баргузории маросиме мекунанд, ки бо исрофкорӣ, тазоҳур ва зиёдаравӣ ҳамроҳ мебошад ва хилофи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ин кишвар аст.

Раҳмон хостори афзоиши маблағи ҷаримаи молии афроди поймолкунандаи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон шуда ва дастур додааст, ки ниҳодҳои масъули давлатӣ тарҳи ислоҳи банди марбут ба ҷаримаи молии ин афродро тадвин ва барои баррасӣ ва тасвиб ба ҳукумат ва Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ироа кунанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон ҳазорон нафар ба иттиҳоми поймолсозии қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар додгоҳҳои ин кишвар ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум мешаванд.

Бо ислоҳи ин қонун дар соли 2017 афроди мутахаллиф аз ҷумла кормандони давлат ба мизони 25 ҳазор сомонӣ ҷарима мешуданд, аммо агар руҳониёни мусулмон ва фаолони бахши хусусӣ муттаҳам бошанд, бояд 35 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт намоянд.

Ҳамчунин дар сурати такрори мавориди поймолсозии бандҳои қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои ин афрод ба тартиб пардохти ҷаримаи молӣ ба мизони 40 то 50 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар соли 2007 дар Тоҷикистон иҷро шуд ва борҳо мавриди ислоҳи қарор гирифт.

 

Барчасп