Ҳамкории теъдоде аз атбоъи тоҷик бо гурҳи терорристии ДИИШ дар шимоли Афғонистон
Мақомоти Афғонистон мегуянд гуруҳи терорристии ДИИШ бо ҳамкории теъдоде аз атбоъи тоҷик дар талош барои ташкили маркази фармондеҳи барои идомаи ҷанг ҳастанд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Закариё Савдо, устондори Бадахшон ва дигар мақомҳои маҳалии ин устон ба телевезиони Тулуъ гуфтанд ҳудуди чорсадтан аз аъзои гуруҳҳои терорристӣ аз ҷумла ДИИШ дар бахшҳое аз минтақаи Бадахшон ба вижа дар дараи Хистак ва шаҳристони Ҷурм ҳузур доранд.
Бадахшон ҳудуди 1500 киллометри марзи муштарак бо Покистон Чин ва Тоҷикистон дорад.
Ин дарра солҳо аст маркази муҳиме барои ҷангҷуёни дохилӣ ва хориҷӣ дар шимол шарқи кишвар аст.
Ҷовид Муҷададӣ, раиси Шурои вилояти Бадахшон низ гуфт ; дар хатҳои муқадами ҷабҳа дар минтақаҳои Вурдуҷ ва Хистак ва Ямгон шибҳи низомиёни дохилӣ ва хориҷӣ дар ҳоли тағийри макон ҳастанд ва ин ҷанги Бадахшонро тулонитар хоҳад кард.
Алтофуллоҳ Ализей фармондеҳи Ҳанги 217 Помир ҳам гуфт ; ҳудуди шашсад нафар аз афроди мусалаҳи Алқоъида, ДИИШ ва дигар гуруҳҳои терорристӣ дар Бадахшон мустақар шуданд.