Афзоиши бардошти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 23 Apr 2020 07:56:48 GMT )
Апрел 23, 2020 12:56 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бардошти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Мизони бардошти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба далели сохти гулхонаҳои нав афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз Спутник ва Вазорати зироати Тоҷикистон аз оғози имсол то кунун тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 7. 5 дар сад ба арзиши ҳудуди як миллиарду 500 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин аз оғози имсол то кунун 3 тон сабзиҷот ( бо афзоиши 27 дарсадӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли пеш ) ва 15 тон себзамини дар Тоҷикистон бардошт шудааст.

Коршиносон далели аслии афзоиши мизони тавлид ва бардоштро афзоиши теъдоди гулхонаҳо, беҳбуди тавлид ва истифода аз шеваҳои пешрафтаи кишоварзӣ эълон мекунанд.

Бештари маҳсулоти кишоварзӣ бардошта шуда дар Тоҷикистон барои таъмини ниёзмандиҳои масрафкунандагони дохилӣ аст.